Тафсири сураи Ихлос
Гузориши мухтасар:
"Бигӯ! Ӯст худои якто," тафсири мухтасари сураи Ихлос аз тафсири " Тайсирул карими-р-раҳмон".
- 1
PDF 158.8 KB 2019-05-02
- 2
DOC 2.6 MB 2019-05-02
Васфи комил
Тафсири сураи Ихлос
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия: islomhouse/tojiki
2012 - 1433
﴿ تفسير سورة الإخلاص [ من تفسير السعدي ] ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: المكتب التعاوني للدعوة والإرشاد وتوعية الجاليات بالربوة
2012 - 1433
Тафсири сураи Ихлос
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Сураи Ихлос Макки буда дорои чаҳор оят мебошад.
﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ ١ ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢ لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ ٤﴾ [سورة الإخلاص 1- 4]
﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ ١ ﴾
Бигӯ! Ӯст худои якто,
﴿ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢﴾
Худое, ки дар ҳоҷат ба Ӯ рӯ оранд,
﴿لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣﴾
На зодааст ва на зода шуда,
﴿وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ٤﴾
Ва на ҳеҷ кас ҳамтои Ӯст!.
Тафсир:
﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ ١ ﴾
"Бигу" бо яқини қатъи ва бовари ва шинохт , бигу! Худованд ягона ва якто аст, ягонаги фақат дар Ӯ мунҳасир ва маҳдуд аст(яъне фақат Ӯ ягона аст).
Пас Ӯ дорои ягонагии комил аст ва дорои номҳои неку, сифоти воло ва корҳои муқаддас аст. Ва монанду шабиҳе надорад.
﴿ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ ٢﴾
Ва бандагон барои рафъи ҳама мушкилоту ниёзҳояшон ба Ӯ рӯй меоранд. Пас мардуми ҷаҳон , хоҳ мартабаи боло , хоҳ мартабаи паст, ё доро ва нодор ҳама ба шиддат ба Худованд ниёзманд мебошанд, Ва ниёзу ҳоҷатҳояшонро аз Ӯ мехоҳанд, ва дар корҳои муҳими худ рӯй ба сӯи Ӯ меоранд. Чунки Ӯ дар сифатҳо ва илму донои комил ва беҳамто мебошад.
Ӯ бурдборе аст, ки бурдборияш комил, ва меҳрубоне аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст. Ва ҳама сифатҳои Ӯ ҳамингуна комил мебошанд.
﴿لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ ٣ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ٤﴾
Ва аз камоли худованди ин аст, ки Ӯ на фарзанде зода аст, ва на зода шудааст, чунки Ӯ дар камоли бениёзи аст.
Ва дар сифатҳо ва номҳову корҳояш монанду ҳамтое надорад, Худованди муттаъол хуҷаста ва бисёр бобаракат аст.
Ин сураи бузург дарбаргирандаи тавҳиди асмо ва сифоти Худованд аст.
Манбаъҳо:
Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷӣ, Рабва – шаҳри Риёз
Дастабандии илми: